LIVE

Эрик тен Ҳаг намехоҳад, ки Роналду тарки даста кунад

Сармураббии ояндаи «Манчестер Юнайтед» Эрик тен Хаг мехоҳад, ки ҳамлагар Криштиану Роналду пас аз анҷоми мавсими ҷорӣ дар даста бимонад, хабар медиҳад The Sun.

Ба иттилои манбаъ, мутахассиси голландӣ аз бозии Роналду дар бозӣ зидди "Брентфорд" дар даври охирини Премйер Лигаи Англия (МЮ бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард) хеле мутаассир шуда, аз даст додани як бозигари муҳиме чун Криштиануро ғайри қобили қабул медонад.

Ёдовар мешавем, ки Эрик тен Ҳаг пас аз анҷоми мавсими имсола тими “Манчестер Юнайтед”-ро роҳбарӣ мекунад ва дар ин мақом сармураббии олмонӣ Ралф Рангникро иваз мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив