LIVE

Аввалин шикасти «Ливерпул» дар соли 2022

«Ливерпул» дар бозии даври 3-юми Чемпионати Англия дар мавсими солҳои 2022/23 аз «Манчестер Юнайтед» мағлуб шуд. Вохӯрӣ, ки дар варзишгоҳи «Олд Траффорд»-и Манчестер баргузор шуд, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт. Шогирдони Юрген Клопп аввалин бохти худро дар Премйер Лигаи Англия дар соли 2022 ба қайд гирифтанд. Силсила бозиҳои бидуни бохти «Ливерпул» дар чемпионати Англия ба 21 бозй рост омад. Бори охир дастаи Юрген Клопп дар Премйер-Лигаи Англия 28-уми декабри соли 2021 шикаст хӯрда буд. 
«Манчестер Юнайтед» се хол ба даст оварда, ба зинаи 14-уми ҷадвали ПЛА баромад. «Ливерпул»дар ҷои 16-ум аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив