LIVE

Ду антирекорди “Ливерпул” дар футболи Англия

Дар варзишгоҳи “Энфилд” бозии марказии даври 29-уми Премйер Лигаи Англия “Ливерпул” – “Челси” баргузор шуд. Вохӯрӣ бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. “Ливерпул” бори аввал дар таърихи клуб пай дар пай 5 маротиба дар хонааш шикаст хурд. Инчунин аввалин қаҳрамони феълии Англия шуд, ки 5 бозии хонагии хешро ба нокомӣ ҷамъбаст намуд.  Хотиррасон менамоем, ки қаблан сурхпӯшони Юрген Клопп аз “Берлли” (0:1), “Брайтон ва Хов Албион” (0:1), “Манчестер Сити” (1:4) ва “Эвертон” (0:2) мағлуб шуда буданд. "Ливерпул" дар 27 бозӣ 43 имтиёз ба даст овардааст ва дар ҷадвали Премйер-лигаи Англия дар ҷои 7-ум қарор дорад. “Челси” (47) дар ҷои 4-ум аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив