Дар бозии даври 20-уми Премйер Лигаи Англия бозии "Вест Бромвич" ва "Манчестер Сити" баргузор шуд. Вохӯрӣ бо пирӯзии калони меҳмонон бо ҳисоби 5:0 хотима ёфт. Ҳамин тариқ, "Манчестер Сити" пай дар пай ғалабаи ҳафтумро дар Премер Лига ба даст овард ва бо 41 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифт. Тавре дар саҳифаи расмии Премйер Лига хабар дода шуд, дар Лига рекорди беназир гузошта шуд. Бори аввал дар таърихи мусобиқот нӯҳ даста дар як мавсим яку якбора ба садри ҷадвал баромаданд. “Арсенал”, “Эвертон”, “Лестер”, “Ливерпул”, “Саутгемптон”, “Тоттенхэм“, “Челси”, “Манчестер Юнайтед” ва “Манчестер Сити” дар ҷадвали Лигаи Англия аллакай дар ҷои аввал буданд.