LIVE

Ғалабаи “Лестер” бар “Арсенал” баъди 47 сол

Дар бозии даври 6-уми Премйер Лигаи Англия “Арсенал” аз “Лестер Сити” бо ҳисоби 0 бар 1 мағлуб шуд. Вохӯрӣ дар Лондон баргузор шуд. Тибқи иттилои Opta Sport, ба “Лестер” муяссар шуд, ки дар тӯли 47 сол бори аввал дар варзишгоҳи «Эмирейтс» “Арсинал”-ро шикаст диҳанд. Ғалабаи охирини  “Лестер”  дар сафар бар ин тими футболи лондонӣ ба соли 1973 рост меояд. Ҳамин тариқ, "Рӯбоҳон" силсилаи 27 вохӯрии бидуни пирӯзиро дар ҳама мусобиқаҳо қатъ карданд.
Ёдовар мешавем, ки голи ягонаро дар ин дидор  дар дақиқаи 80-ум - Ҷейми Варди муаллифӣ кард. 
"Лестер Сити" бо 12 имтиёз дар ҷадвали Премйер Лигаи Англия ба зинаи чорум баромад. “Арсенал” бо 9 хол дар ҷои 10-ум аст. Пешсафи мусобиқа “Эвертон” (13) мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив