LIVE

Ҷейми Варди пешниҳоди “Лестер”-ро қабул намуд

Ҳамлагар Ҷэми Варди шартномаи худро бо “Лестер Сити” тамдид кард. Дар ин бора Sky Sports навиштааст.
Тибқи иттилои манбаъ, созишномаи тарафайн барои боз як соли дигар  тамдид карда шуд. Илова бар ин, клуб маоши форвардро боло бардошт. Мутобиқи шартномаи нав Варди то тобистони соли 2022 бозигари “Лестер Сити” маҳсуб меёбад.
Ҷейми Варди аз соли 2012 инҷониб дар «Лестер» бозӣ мекунад. Дар мавсими 2019/2020 ҳамлагар нишонзани беҳтарини Премйер Лигаи Англия шуд. Дар 35 бозии мавсим ҳамлагари 33-сола 23 гол зад.
Мавсими гузашта, "Лестер" дар 38 бозӣ 62 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали Примйер Лигаи Англия панҷум шуд. 
Дар даври аввали мавсими 2020/2021 «Лестер» бо “Вест Бромвич” рақобат мекунад. Бозӣ 14 сентябр дар назар аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив