LIVE

Дастаи Гвардиола бори аввал 5 гол хӯрд

Дастаи  Хосеп Гвардиола бори аввал панҷ гол хӯрд. Дар бозии даври 3-юми чемпионати Англия шаҳриҳо аз “Лестер Сити” мағлуб шуданд (2: 5). Мутахассиси каталонӣ бори аввал дар 686 бозӣ 5 гол ба дарвозааш сар дод. Қаблан бадтарин нишондод дар фаъолияти мураббигии Гвардиола ин бозӣ дар Лигаи қаҳрамонҳо “Бавария” – “Реал Мадрид” (0: 4) буд. Дар бозии "Манчестер Сити" - "Лестер Сити" ҳисобро дар дақиқаи 4-ум Риёз Марез кушод. Меҳмонон бо кӯмаки Ҷейми Варди дар дақиқаи 37-уми бозӣ ҳисобро баробар карданд. Дар дақиқаи 54-ум Варди пешсафи “Лестер Сити”-ро таъмин кард. Пас аз чанд дақиқа Варди аз пеналтӣ хет-трик кард. Дар дақиқаи 77-ум Ҷеймс Маддисон голи навбатиро ба самар расонид. Дере нагузашта Натан Аке ҳисобро каме ҳам бошад,  коҳиш дод. Дар дақиқаи 88-ум голи панҷумро Юри Тиелеманс аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив