Баъд аз ғалаба бар тими “Лестер” «Ливерпул» рекорди хешро дар самти бозиҳои бидуни бохт тағйир дод ва Клопп аз рӯи ин нишондод аз собиқ сармураббии маъруфи даста Кенни Далглиш пеш гузашт. Дар чемпонати Англия дастаи Юрген Клопп 35-умин бозии бе бохти худро ба қайд гирифт. Ин тим ҳамакнун аз дастаи «Лидс», ки 34 рақобати бе бохт дошт, пеш гузашт. Бо силсила бозиҳои бидуни мағлубият ливерпулиҳо дар Премйер-лига ба зинаи чаҳорум баромаданд. «Челси» бо 40 дидори бе бохт дар мавсими солҳои 2004-2005 мақоми сеюмро ишғол мекунад. Дар зинаи дуюм дастаи «Ноттингем Форест» бо 42 бозии бе бохт дар солҳои 1977 - 1978 қарор дорад. Рекордгузори мусобиқоти мазкур дастаи «Арсенал» маҳсуб мешавад, ки дар мавсими солҳои 2003-2004, лондониҳо дар 49 бозӣ шаҳди талхи бохтро начашидаанд. Барои тағйир додани рекорди «Арсенала» – 14 бозии дигар лозим аст.