LIVE

Роналду нест, ғалаба ҳам намешавад

«Манчестер Юнайтед» то ба ҳол дар чемпионати Англия чунин бузуртарин шикаст дар варзишгоҳи  «Энфилд» надошт. Ёдовар мешавем, ки дар даври 30-уми мусобиқоти қаҳрамонии Англия «Манчестер Юнайтед» дар сафар аз «Ливерпул» бо шикасти сангин дучор шуда, ҷор маротиба тӯбро аз дарвозаи худ берун баровард.
Дар ҳайати дастаи ғолиб Муҳаммад Салоҳ дубл, Луис Диас ва Садио Мане як маротибагӣ ба гол занӣ даст ёфтанд. 
«Ливерпул» 76 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали Премйер-Лигаи Англия дар мавсими 2021/2022 ба зинаи аввал баромад. «Манчестер Юнайтед» дар навбати худ бо 54 имтиёз дар ҷои шашум аст. 
Дар даври навбатии чемпионати Англия «Ливерпул» бо «Эвертон» ва «Манчестер Юнайтед» бо «Арсенал» вомехӯранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив