LIVE

“Эсхата” ба зинаи аввали ҷадвал баргашт

05-уми май дар доираи  бозиҳои  даври ҳаштуми   Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол  дастаҳои  “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд  ва “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ   дар ҳузури 3 000 нафар мухлис  ба ҳам омаданд.   
 Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд   баргузор гардида, бо ҳисоби минималии 1 бар 0 ба суди мизбонон   анҷом ёфт.  Ягона голро дар дақиқаи 23-юми бозӣ Дилшодҷон Каримов ба самар расонид. Аз ҳайати “Файзканд” – Ҷозеф Феумба бинобар дағал бозӣ кардан дар дақиқаи 64-уми вохӯрӣ  аз ҷониби довари марказии бозӣ корти сурх гирифт ва бозибадар шуд.   Дилшодҷон Каримов аз ҳайати дастаи “Эсхата” беҳтарин бозигари вохӯрӣ дониста шуд.
Пас аз ин ғалаба дастпарварони Игор Суров ба садри ҷадвали мусобиқот баромаданд. Ҳоло даста 13 имтиёз дар ҳисоб  дорад. “Истиқлол” як бозӣ дар ихтиёр дорад ва ҳоло бо 11 имтиёз дар зинаи дуюм аст. “Файзканд” бо 9 имтиёз дар зинаи 4-уми ҷадвали мусобиқот маскан гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки дар даври гузашта, “Эсхата” дар ноҳияи Фархор аз дастаи “Ҳосилот” бо ҳисоби 0 бар 1 мағлуб шуда буд. “Файзканд” бошад, дар варзишгоҳи “Нефтяник” муқобили “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби бузурги 5 бар 1 музаффарият ба даст оварда буд.
Ҳамакнун, дар даври навбатии чемпионати кишвар  «Эсхата» дар ноҳияи Рӯдакӣ   бо дастаи «Куктош» вориди рақобат мегардад. Вохӯрии дастаҳо рӯзи  13-уми  май дар варзишгоҳи “Нефтяник”   доир мегардад.  Дастаи “Файзканд” бошад, дар даври навбатӣ рӯзи 14-уми май  бо дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб   дар мизбонӣ бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив