LIVE

Аввалин ғалабаи “Файзканд” дар чемпионат

Бошгоҳҳои “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд ва “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ дар даври 2-юми чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан сурат гирифта, ба суди меҳмонон бо ҳисоби 1:3 анҷом ёфт. Голҳои Оятулло Сафаров, Шавкати Ҳотам ва легионери ӯзбек Амирҷон Сафаров пирӯзии аввалини “Файзканд”-ро дар мавсими нави чемпионати Тоҷикистон таъмин карданд. Ягона голи дастаи “Эсхата”-ро Санҷар Рихсибоев аз зарбаи 11 метра ба самар расонид. Ёдовар мешавем, ки ҳар ду бошгоҳ 3 имтиёзи дошта мутаносибан дар зинаиҳои 3-юм ва 4-ум қарор гирифтаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив