LIVE

Натиҷаи даври 15-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон

Дастаи «Истаравшан» дар даври 15-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ ба меҳмонии дастаи «Файзканд» аз Восеъ сафар намуд. Бозии дастаҳо ҷолибнок сурат гирифта, бо натиҷаи 2:1 ба суди намояндаи вилояти Суғд хотима ёфт. Нахустин шуда, дар дақиқаи 2-юм Илҳом Баротов меҳмононро ба пеш баровард. Баъдан дар дақиқаи 45+2 Абдухалил Боронов натиҷаро баробар кард. Дар ин сабқат нуқтаи ниҳоиро Ҷаҳонгир Сафаров дар оғози пайти дуюми бозӣ гузошта, пирӯзии тимашро таъмин кард. Баъди ин пирӯзӣ «Истаравшан» бо касби 25 имтиёз ба зинаи 3-юми ҷадвали Лигаи олӣ баромад. Дар бозии дигари даври 15-ум дастаи «Эсхата» дар хонааш тими «Куктош»-ро бо натиҷаи 3:1 мағлуб кард.

Чемпионати Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Даври 15-ум

«Файзканд» – «Истаравшан» – 1:2
Голҳо: Илҳом Баротов, 2 (0:1). Абдухалил Боронов, 45+2 (1:1). Ҷаҳонгир Сафаров, 48 (1:2).

«Эсхата» – «Куктош» – 3:1
Голҳо: Азизбек Султонов, 7 –пеналти (0:1). Ҷаҳонгир Эргашев, 48 (1:1). Мубинҷон Муминов, 64 (2:1). Аҳрор Иноятов, 90 (3:1).

«Хатлон» – «Истиқлол» – 0:6
Голҳо: Ахтам Назаров, 14 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 28 (0:2). Ваҳдат Ҳанонов, 43 (0:3). Шервонӣ Мабатшоев, 75 (0:4). Рустам Соиров, 82 (0:5). Рустам Соиров, 88 (0:6).

«Душанбе» – КМВА – 0:0

«Хуҷанд» – «Равшан» – 0:0

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив