Бозиҳои даври чоруми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 24-25-уми апрел баргузор шуданд.
«Файзканд»-и Восеъ, ки бозии даври чорумро дар меҳмонӣ бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол анҷом дод, бо 8 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад.
Дар бозии дигари даври чорум «Хуҷанд» дар шаҳри Кӯлоб аз тими мизбон - «Равшан» бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Голи ягонаро аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ Далер Шомуродов ба ҳадаф расонд. «Хуҷанд» бо 7 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми дувумро касб кардааст.
«Кӯктош»-и Рӯдакӣ дар майдони худ «Эсхата»-и Хуҷандро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Зарбаҳои нишонраси Азизбек Султонов ва Муҳсинҷон Абдуғаффоров ба «Кӯктош» се имтиёз оварданд. «Кӯктош» бо 6 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми севум қарор дорад.
Бозиҳои даври панҷуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 30-юми апрел ва 1-уми май баргузор мешаванд.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Даври 4-ум
ССКА – «Душанбе» – 3:1
Голҳо: Люк Менҷана Леонел, 24 (0:1). Суҳроб Асоев, 38 – ба дарвозаи худ (1:1). Суҳроб Ҷалилов, 49 (2:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 59 (3:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Фатҳулло Фатҳуллоев (ССКА).
Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе).
24-уми апрел. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 600 тамошобин.
«Истаравшан» – «Файзканд» – 0:0
Беҳтарин бозигари дидор: Онана Етем («Файзканд»).
Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).
24-уми апрел. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 7000 тамошобин.
«Равшан» – «Хуҷанд» – 1:0
Гол: Далер Шомуродов, 52 – аз пеналтӣ.
Беҳтарин бозигари дидор: Рустам Ризоев («Равшан»).
Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).
25-уми апрел. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 5000 тамошобин.
«Кӯктош» – «Эсхата» – 2:1
Голҳо: Акобир Тураев, 38 (0:1). Азизбек Султонов, 65 (1:1). Муҳсинҷон Абдуғаффоров, 76 (2:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Азизбек Султонов («Кӯктош»).
Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).
25-уми апрел. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 4000 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
1 | «Файзканд» (Восеъ) | 4 | 2 | 2 | 0 | 4-1 | 8 |
2 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 4 | 2 | 1 | 1 | 7-3 | 7 |
3 | «Кӯктош» (Рӯдакӣ) | 3 | 2 | 0 | 1 | 4-4 | 6 |
4 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 4 | 1 | 2 | 1 | 6-5 | 5 |
5 | «Равшан» (Кӯлоб) | 4 | 1 | 2 | 1 | 2-2 | 5 |
6 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 3 | 1 | 1 | 1 | 1-1 | 4 |
7 | ССКА (Душанбе) | 4 | 1 | 0 | 3 | 4-7 | 3 |
8 | «Душанбе» (Душанбе) | 3 | 1 | 0 | 2 | 3-7 | 3 |
9 | «Хатлон» (Бохтар) | 3 | 0 | 2 | 1 | 2-3 | 2 |
10 | «Истиқлол» (Душанбе) | 0 | 0 | 0 | 0 | 0-0 | 0 |
Даври 5-ум
30-юми апрел (ҷумъа)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Хуҷанд» – «Кӯктош»
«Хатлон» – ССКА
1-уми май (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Эсхата» – «Истаравшан»
«Душанбе» – «Равшан»
Таҳияи Назруллоҳи Латиф. (Бознашр аз сомонаи Озодӣ)