LIVE

"Хуҷанд" боз имтиёзро аз даст дод

Бозии ниҳоии даври сеюми Лигаи олӣ байни дастаҳои “Куктош” ва “Хуҷанд” хотима ёфт. Вохӯрии тимҳо дар майдони марказии шаҳри Душанбе сурат гирифта, бо натиҷаи мусовии 1:1 хатм шуд. Дар ин дидор голи мизбононро Ҳикматулло Расулов ба ҳадаф расонд. Фатҳулло Фатҳуллоев голи ҷавобиро зада, “Хуҷанд”-ро аз нокомӣ раҳо бахшид.
Бозиҳои даври чоруми Лигаи олӣ рӯзҳои 25-ум ва 26-уми апрел баргузор мешаванд.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3-юм
«Куктош» – «Хуҷанд» – 1:1
Голҳо: Ҳикматулло Расулов 41 (1:0). Фатҳулло Фатҳуллоев 52 (1:1).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив