LIVE

"Хуҷанд" тими “Нефтчӣ”-ро торумор кард

Бозии ҷавобии даври муқаддамотии Ҷоми КФО-2020 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе байни дастаҳои “Хуҷанд”-и Тоҷикистон ва “Нефтчӣ”-и Қирғизистон баргузор шуд. Вохӯрии тимҳо пуршиддат сурат гирифта, бо натиҷаи 3:0 ба нафъи хуҷандиҳо хотима ёфт. Дар дақиқаи 34-ум бо кӯмаки Дилшод Бозоров ҳисоб боз карда шуд.  Аз сабабе, ки бозӣ дар Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ба нафъи “Нефтчӣ” хотима ёфта буд, вохӯрӣ ба вақти иловагӣ расид. Дар дақиқаҳои 107-ум ва 119-уми майдондорӣ боз Дилшод Бозоров ду голи дигарро ба самар расонида,  хет-трик карда, дастаашро ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 бурд. Пас аз ин пирӯзӣ дастаи Хуҷанд дар гуруҳи «D»-и Ҷоми КФО-2020 бо тими "Истиқлол"-и Тоҷикистон, "Алтин Асир"-и Туркманистон ва "Дордой"-и Қирғизистон рақобат хоҳад кард. Вохӯриҳо дар гурӯҳи мазкур 11 марти соли ҷорӣ шуруъ мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив