LIVE

"Хуҷанд" тилисми "Истиқлол"-ро шикаст

Имрӯз, 19-уми июн дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бозии даври 5-уми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 байни бошгоҳҳои “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд ва “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд. Набарди тимҳо ҷолибу диданӣ сурат гирифта, бо ҳисоби 3:2 ба суди соҳибони замин хотима ёфт. Баъди ин майдондорӣ футболбозони “Истиқлол” бо касби 7 хол дар зинаи дуюми ҷадвали гурӯҳи “Д” ҷойгир шуданд. “Хуҷанд” бошад, бо дарёфти 7 хол зинаи сеюмро ба худ ихтисос дод. Дар даври 6-ум “Истиқлол” дар хонааш бо тими “Алтин Асир” ва “Хуҷанд” дар меҳмонӣ бо “Дордой” майдондорӣ мекунанд. Хотиррасон мекунем, ки аз гурӯҳи мазкур танҳо дастаи ғолиб ба даври навбатӣ роҳ меёбад. Бояд гуфт, ки натиҷаи бозӣ байни тимҳои “Алтин Асир” ва “Дордой” мавқеи дастаҳоро дар гурӯҳи мазкур тағйир медиҳад.

Ҷоми КФО-2019
Марҳилаи гурӯҳӣ
Гурӯҳи “Д”
Бозии 5-ум
“Хуҷанд” – “Истиқлол” – 3:2
Голҳо: Ҷаҳонгир Эргашев 4, Ҷалил Кимсанов 30, Турсуналӣ Рустамов 40, Эҳсони Панҷшанбе 63, Дилшод Восиев 71.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив