LIVE

Барои оғози бозии “Хуҷанд” ва “Нефтчӣ” соатҳое ба шумор монд

Дорандаи медалҳои нуқраи Чемпионати  Тоҷикистон - дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд аввалин бозиашро дар доираи плей-оффи Ҷоми  Конфедератсияи футболи Осиё-2020 имрӯз дар варзишгоҳи Қурманбеки Ҷалол-Обод соати 13:00 бар муқобили дастаи «Нефтчӣ»-и Қирғизистон баргузор мекунад.  Тими «Хуҷанд»-и Тоҷикистон бозии ҷавобияшро дар плей-оффи Ҷоми  Конфедератсияи футболи Осиё-2020 26-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри  Душанбе баргузор мекунад. Бозӣ бо дархости  дастаи футболи «Хуҷанд» бинобар омодагӣ ба ҷашни Наврӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд ба Душанбе гузаронида шуд. Ёдовар мешавем, ки дар сурати пирӯзӣ дастаи «Хуҷанд» ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқаи қитъавӣ мушарраф шуда, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои мунтахаби «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Алтин Асир»-и Туркманистон  ва «Дордой»-и  Қирғизистон рақобат мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив