LIVE

Нокомии тими “Хуҷанд” аз “Нефтчӣ”

Дар доираи бозиҳои интихобии Ҷоми КФО-2020 бошгоҳи “Хуҷанд”-и Тоҷикистон бо тими “Нефтчӣ”-и Қирғизистон рақобат кард. Вохӯрии тимҳо ҷолибнок сурат гирифта, бо натиҷаи 1:0 ба суди мизбонон хотима ёфт. Голи ягонаи ин дидорро дар дақиқаи 51-ум Александр Игнатенко ба номаш муҳр зада, дастаашро пирӯз кард. Ҳамин тавр бозии аввали даври муқаддамотии Ҷоми КФО-2020 байни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Нефтчӣ” бо ҳисоби 1:0 ба суди “Нефтчӣ” хотима ёфт. Бозии ҷавобии дастаҳо санаи 26-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив