LIVE

Бохти "Хуҷанд" дар бозии санҷишӣ

Дар доираи омодагӣ ба бозии даври плей-оффи Ҷоми КФО-2020 дастаи “Хуҷанд”, ки тамринҳои дастаҷамъии хешро дар шаҳри Тошканд анҷом медиҳад, бо бошгоҳи “Локоматив”-и Ӯзбекистон бозии санҷишӣ анҷом дод. Дидори мазкур бо пирӯзии дастаи “Локоматив” бо ҳисоби 3 бар 0 пушти сар шуд. Рақиби бошгоҳи “Хуҷанд” дар даври плей-офф ҷуфти дастаи “Нефтчи”-и Қирғизистон ва “Аҳал”-и Туркманистон мебошад, ки қарор аст 5 ва 12-уми феврал дар Қирғизистон ва Туркманистон баргузор гардад. Дастаи Хӯҷанд дидори аввали хешро 19-уми феврал дар сафар ва бозии ҷавобиро бошад, 26-уми феврал дар майдони худ анҷом медиҳад. Агар “Хуҷанд” рақобатҳои  мазкурро бо пирӯзӣ анҷом диҳад, пас ҳуқуқи иштирок дар бозиҳои гурӯҳии Ҷоми КФО пайдо хоҳад кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив