LIVE

“Хатлон” рақиби асосии "Истиқлол" шуданист

Дар даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар ба меҳмонии тими “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд сафар кард. Вохӯрии тимҳо дар майдони “Спартак” баргузор шуда, бо натиҷаи 3:2 ба нафъи меҳмонон хотима ёфт. Дар ин майдондорӣ голҳои ғолибонро Худойдод Узоқов, Сорбон Афғонов ва Парвиз Баки-Ахунов марбути исми хеш намуданд. Тӯбҳои мизбононро бошад, Санҷар Рисхибоев ва Дилшод Бозоров муаллифӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври якуми Лигаи олӣ дастаи “Хатлон” намояндаи дигари вилояти Суғд - тими “Истаравшан”-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуда буд. Ҳамин тавр “Хатлон” дар ду бозии сипаринамудааш соҳиби 6 имтиёз гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив