LIVE

«Равшан» пешсафи ягонаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон

Даври чоруми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон натиҷагирӣ шуд. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи "Равшан"-и Кӯлоб, ки дар даври чорум низ ғолиб омад, дар ҷадвали мусобиқа бо 12 имтиёз пешсафи ягона гардид.

"Равшан" дар даври чорум дар меҳмонӣ бар “Шоҳмансур”-и Душанбе бо ҳисоби 8:3 ғолиб омад. “Эсхата”-и Хуҷанд, ки дар сафар аз "Панҷшер"-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд бо 9 имтиёз мақоми дувумро касб намудааст. "Исфара"-и шаҳри Исфара, ки дар майдони худ бар "Ҳосилот"-и Фархор бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд, бо 9 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад.

Дар бозиҳои дигари даври чорум "Моҳир"-и Ёвон дар меҳмонӣ “Ҳулбук”-и Восеъро бо ҳисоби 4:2, "Ваҳдат"-и шаҳри Ваҳдатр дар майдони худ "Барқчӣ"-и Ҳисорро бо ҳисоби 3:2 ва "Равшан"-и Зафаробод дар хона "Саройкамар"-и Панҷро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карданд.

Бозиҳои даври панҷуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзҳои 21-ум ва 22-уми июл баргузор мешаванд. Дар бозии марказӣ "Равшан"-и Кӯлоб дар майдони худ бо "Исфара" рақобат мекунад. Бозиҳои дигар миёни дастаҳои "Барқчӣ" – "Шоҳмансур", "Эсхата" – "Равшан" (Зафаробод), "Моҳир" – "Ваҳдат" ва "Саройкамар" – "Ҳулбук" сурат мегирад.

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 4-ум

"Ҳулбук" – "Моҳир" – 2:4

Голҳо: Аваз Қамчинов, 7 (1:0). Баҳровар Ҳалимов, 13 (1:1). Дилшод Тағоев, 42 (1:2). Алишер Куганов, 81 (1:3). Аваз Қамчинов, 90+4 (2:3). Муродбек Юсупов, 90+5 (2:4).

"Ваҳдат" – "Барқчӣ" – 3:2

Голҳо: Умедҷон Азизов, 12 (1:0). Фаридун Нарзуллоев, 41 (2:0). Файзиддин Назаров, 57 (2:1). Файзиддин Назаров, 68 (2:2). Фирдавси Файззода, 87 – аз пеналтӣ (3:2).

"Панҷшер" – "Эсхата" – 4:2

Голҳо: Насимҷон Маматқулов, 3 (1:0). Хайриддин Турахонов, 17 (2:0). Ҷӯрабой Исоев, 52 (2:1). Боҳирҷон Сангинбоев, 75 (2:2). Шавкат Худойназаров, 88 (3:2). Маҳмуд Ғаюров, 90+3 (4:2).

"Равшан" (Зафаробод) – "Саройкамар" – 2:0

Голҳо: Зиёвуддин Фузайлов, 44 (1:0). Парвизҷон Деҳқонов, 88 (2:0).

"Шоҳмансур" – "Равшан" (Кӯлоб) – 3:8

Голҳо: Амирҷони Фаррухзод, 4 (0:1). Сафаралӣ Каримов, 10 (0:2). Саидхони Амрохон, 13 (0:3). Шодӣ Муродов, 28 (0:4). Зиёдулло Одинаев, 38 (1:4). Саидхони Амрохон, 52 (1:5). Сафаралӣ Каримов, 59 (1:6). Фарҳод Тоҳиров, 67 (2:6). Амирҷони Фаррухзод, 72 (2:7). Абдураҳмон Нозимов, 80 (2:8). Фаридун Табаруков, 90+2 (3:8).

"Исфара" – "Ҳосилот" – 2:1

Голҳо: Фирдавс Мӯсоев, 1 (1:0). Муҳаммад Ёқубов, 13 – аз пеналтӣ (1:1). Фирдавс Мӯсоев, 26 (2:1).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи лигаи аввал

Ҷ           ДАСТАҲО            Б   Ғ   М  Б     Т    И  
1 "Равшан" (Кӯлоб)           4   4   0   0   20-9 12
2 "Эсхата" (Хуҷанд)           4   3   0   1   13-9   9
3 "Исфара" (Исфара)        4   3   0   1   7-4     9
4 "Панҷшер" (Ҷ.Балхӣ)      4   2   1   1   12-6   7
5 "Моҳир" (Ёвон)              4   2   1   1   12-12  7
6  "Ваҳдат" (Ваҳдат)           4   2   0   2  14-13   6
7 "Ҳулбук" (Восеъ)            4   2   0   2   10-11  6
8 "Саройкамар" (Панҷ)     4   2   0   2    8-10  6
9 "Равшан" (Зафаробод)   4   1   2   1    7-6    5
10 "Ҳосилот" (Фархор)      4   1   0   3   8-10   3
11 "Барқчӣ" (Ҳисор)          4   0   0   4   8-12   0
12 "Шоҳмансур" (Душ.)     4   0   0   4   4-21   0

Нишонзанҳо: Аваз Қамчинов ("Ҳулбук") – 8 тӯб, Умедҷон Азизов ("Ваҳдат") – 5 тӯб.

Даври 5-ум

21 июл (сешанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

"Ҳосилот" – "Панҷшер"

"Барқчӣ" – "Шоҳмансур"

22 июл (чоршанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

"Эсхата" – "Равшан" (Зафаробод)

"Равшан" (Кӯлоб) – "Исфара"

"Моҳир" – "Ваҳдат"

"Саройкамар" – "Ҳулбук"
Бознашр аз Радиои Озодӣ - Нарзуллоҳи Латиф

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив