LIVE

"Файзканд" пешсафи ҷадвали мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон шуд

Бозиҳои даври чоруми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 24-25-уми апрел баргузор шуданд.
«Файзканд»-и Восеъ, ки бозии даври чорумро дар меҳмонӣ бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол анҷом дод, бо 8 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад.
Дар бозии дигари даври чорум «Хуҷанд» дар шаҳри Кӯлоб аз тими мизбон - «Равшан» бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Голи ягонаро аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ Далер Шомуродов ба ҳадаф расонд. «Хуҷанд» бо 7 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми дувумро касб кардааст.
«Кӯктош»-и Рӯдакӣ дар майдони худ «Эсхата»-и Хуҷандро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Зарбаҳои нишонраси Азизбек Султонов ва Муҳсинҷон Абдуғаффоров ба «Кӯктош» се имтиёз оварданд. «Кӯктош» бо 6 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми севум қарор дорад.
Бозиҳои даври панҷуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 30-юми апрел ва 1-уми май баргузор мешаванд.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Даври 4-ум
ССКА – «Душанбе» – 3:1
Голҳо: Люк Менҷана Леонел, 24 (0:1). Суҳроб Асоев, 38 – ба дарвозаи худ (1:1). Суҳроб Ҷалилов, 49 (2:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 59 (3:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Фатҳулло Фатҳуллоев (ССКА).
Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе).
24-уми апрел. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 600 тамошобин.
«Истаравшан» – «Файзканд» – 0:0
Беҳтарин бозигари дидор: Онана Етем («Файзканд»).
Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).
24-уми апрел. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 7000 тамошобин.
«Равшан» – «Хуҷанд» – 1:0
Гол: Далер Шомуродов, 52 – аз пеналтӣ.
Беҳтарин бозигари дидор: Рустам Ризоев («Равшан»).
Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).
25-уми апрел. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 5000 тамошобин.
«Кӯктош» – «Эсхата» – 2:1
Голҳо: Акобир Тураев, 38 (0:1). Азизбек Султонов, 65 (1:1). Муҳсинҷон Абдуғаффоров, 76 (2:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Азизбек Султонов («Кӯктош»).
Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).
25-уми апрел. РӯдакӣВарзишгоҳи «Нефтяник». 4000 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

ҶДАСТАҲОБҒМБТИ
1«Файзканд» (Восеъ)42204-18
2«Хуҷанд» (Хуҷанд)42117-37
3«Кӯктош» (Рӯдакӣ)32014-46
4«Эсхата» (Хуҷанд)41216-55
5«Равшан» (Кӯлоб)41212-25
6«Истаравшан» (Истаравшан)31111-14
7ССКА (Душанбе)41034-73
8«Душанбе» (Душанбе)31023-73
9«Хатлон» (Бохтар)30212-32
10«Истиқлол» (Душанбе)00000-00
Голзанҳои пешқадам: Акобир Тураев («Эсхата») – 4 тӯб, Абдухалил Боронов («Файзканд») – 3 тӯб, Артём Сердюк («Хуҷанд»), Люк Менҷана Леонел («Душанбе»), Азизбек Султонов, Муҳсинҷон Абдуғаффоров (ҳарду аз «Кӯктош») – 2-тӯбӣ.
Даври 5-ум
30-юми апрел (ҷумъа)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Хуҷанд» – «Кӯктош»
«Хатлон» – ССКА
1-уми май (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Эсхата» – «Истаравшан»
«Душанбе» – «Равшан»
Таҳияи Назруллоҳи Латиф. (Бознашр аз сомонаи Озодӣ)

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив