LIVE

Натиҷаи бозиҳои даври аввали чемпионати кишвар

Чуноне хабар доред, чемпионати имсолаи Тоҷикистон шурӯъ гардид. Дар даври аввал, дастаҳои "Файзканд" бо "КМВА Помир", "Хуҷанд" бо "Душанбе 83", "Эсхата" бо "Хатлон" ва "Истаравшан" бошад, бо "Равшан"-и Кӯлоб вохӯрӣ гузарониданд. Аз рӯи натиҷаи бозиҳо, "Файзканд" бо ҳисоби 1-0 бар "КМВА Помир", "Хуҷанд" бошад, бо ҳисоби бузурги 4-1 бар "Душанбе 83" ва "Истаравшан" бо ҳисоби 1-0 бар "Равшан" ғолиб омаданд. Бозии "Эсхата" бо "Хатлон" бошад, мусовӣ 1-1 анҷом ёфт. Бозии боқимондаи ин давр, бозии "Куктош" бо дастаи "Истиқлол" мебошад.
Аз ҳама бозиҳои ҷолиби ин давр, ин рӯёрӯии "Истаравшан" бо "Равшан"-и Кӯлоб буд. Зеро сармураббии тозатаъиншудаи "Истаравшан" Маҳмадҷон Ҳабибуллоев замоне сармураббии дастаи "Равшан"-и Кӯлоб буд. Бозӣ дар майдони марказии шаҳри Истаравшан сурат гирифта, наздики 16 ҳазор мухлисон бозии мазкурро аз варзишгоҳ тамошо намуданд. Хотиррасон менамоем, ки дастаи "Равшан"-и Кӯлоб баъди чанд соли дар Лигаи якум бозӣ намудан, имсол ба Лигаи олии кишвар роҳ ёфт. Дастаи "Эсхата" бошад, бори аввал аст, ки дар чемпионати олии кишвар фаъолият менамояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив