LIVE

"Хатлон" "Истаравшан"-ро шикаст дода, рақиби "Равшан" гашт

Дар бозии дуюми даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои "Хатлон"-и Бохтар ва "Истаравшан"-и Истаравшан байни ҳам рақобат карданд. Бозӣ бо ҳисоби 2 бар 0 ба суди соҳибони майдон поён ёфт.  Дар нимаи дуюми бозӣ бар асари рафтори дағалона нисбати  Худойдод Узоқов довар  ба дарвозаи Истаравшан пеналтӣ таъйин кард, ки онро Кароматулло Саидов  ба самар расонид. Дар дақиқаи 75-уми бозӣ  Худойдод Узоқов аз  як лаҳзаи мусоиди голзанӣ истифода бурда, бартарии  хатлониҳоро   дучанд сохт. Ҳамин тавр дастаи "Хатлон" роҳхати марҳилаи ниҳоии Ҷоми Тоҷикистонро ба даст оварда, дар ин давр рӯзи 10 октябр бо бошгоҳи "Равшан"-и Кӯлоб неру месанҷад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив