LIVE

Мусовии "Истиқлол" ва ғалабаи "Хуҷанд" дар даври 13-ум

Бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои футболи Лигаи олӣ сурат гирифтанд. дар дидори марказии давр “Хуҷанд” бар дастаи “Истаравшан” бо як голи беҷавоб ғалаба намуд.  “Равшан” дар сафар бо ҳисоби 1 бар 0 “Хатлон”-ро ноком сохт. Дастаҳои футболи “Истиқлол” ва КМВА ба дарвозаҳои ҳамдигар гол назаданд.  Дар дидори дигар “Эсхата” низ “Файзканд”-ро бо як голи беҷавоб ноком сохт. “Душанбе” бо ҳисоби 2 бар 1 “Куктош”-ро мағлуб намуд. 
Натиҷаи бозиҳои даври 13-ум 
“Хуҷанд” - “Истаравшан” 1-0
“Хатлон”- “Равшан”  1-0 
КМВА - “Истиқлол” 0-0
“Душанбе” - “Куктош” 2-1
“Эсхата” - “Файзканд” 1-0
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив