LIVE

Сармураббии дастаи "Хуҷанд" аз мақомаш истеъфо дод

Сармураббии дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд – Рустам Хоҷаев аз мақомаш истеъфо дод.  Пас аз мусовии дастаҳои «Хуҷанд» ва «Файзканд» (2:2) - Рустам Хоҷаев дар мусоҳиба бо телевизиони «Варзиш»  аз мухлисон узр пурсида истеъфои худро эълон кард!
 Ин дуюмин истеъфои сармураббӣ дар мавсими имсолаи Лигаи Олӣ маҳсуб мешавад
Рустам Хоҷаев дар гузашта яке аз футболбозони маъруфи тоҷик буд, ки дар тими миллӣ ба унвони нимҳимоятгар бозӣ кардааст.
Рустам Хоҷаеви 46-сола таҷрибаи сармуррабигиро дар дастаҳои "Хайр"-и Ваҳдат, "Вахш"-и Бохтар ва "Барқчӣ", КМВА-и пойтахт ҳам дорад ва дар тими миллӣ ёвари сармуррабӣ Ҳаким Фузайлов низ буд.
Соли 2013 Рустам Хоҷаев беҳтарин муррабии қаҳрамонии футболи Тоҷикистон эътироф шуда буд ва ҳамон сол дастаи "Хайр" барандаи медалҳои биринҷӣ ва соҳиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд пас аз 6 даври чемпионати Тоҷикистон бо касби 6 имтиёз дар зинаи 7-ум маскан гирифтааст.  Пешсафони мусобиқа дастаҳои “Истиқлол” ва “Эсхата” мебошанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив