LIVE

Беҳтаринҳои ЛФТ дар соли 2022 рӯзи 13 декабр эълон мешаванд

ЛИГАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН БЕҲТАРИНҲОИ МАВСИМИ 2022-РО 13 ДЕКАБР ЭЪЛОН МЕКУНАД


13 декабр дар толори «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими мутантани ҷоизасупории Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор мешавад, ки дар он беҳтаринҳо аз рӯи натоиҷи мавсими гузашта эълон мешаванд. Чорабинӣ соати 9:30 оғоз мегардад.

Дар маҷмуъ, дар ин рӯз ғолибон аз рӯи понздаҳ номинатсияи лигаи олии Тоҷикистон, чемпионати кишвар байни дастаҳои лигаи якум ва мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои ҷавонони Лигаи олӣ маълум хоҳанд шуд. Инчунин ба беҳтарин нишонзанҳои лигаи олӣ ва якум ва чемпионати кишвар байни ҷавонон ҷоизаҳо тақдим карда мешаванд.

Рӯйхати номзадҳо ба ҷоизаҳои инфиродии Лигаи футболи Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли 2022: 

🔝 Беҳтарин бозигари лигаи якум:
✔️ Амирҷон Худойдодов («Ҳосилот»)
✔️ Худойдод Узоқов («Куктош»)
✔️ Сунатулло Азизов («Динамо»)

🔝 Беҳтарин мураббии лигаи якум:
✔️ Юсуф Рабиев («Ҳосилот»)
✔️ Аҳлиддин Турдиев («Динамо»)
✔️ Тоҳир Муъминов («Куктош»)

🔝 Беҳтарин бозигари чемпионати Тоҷикистон миёни ҷавонон:
✔️ Иброҳим Зокиров («Регар-ТадАЗ»)
✔️ Паҳлавон Баҳризода («Истиқлол»)
✔️ Ҷамшед Ҷӯраев («Хуҷанд»)

🔝 Беҳтарин мураббии чемпионати Тоҷикистон миёни ҷавонон:
✔️ Фарҳод Холбеков («Регар-ТадАЗ»)
✔️ Рустам Қурбонов («Истиқлол»)
✔️ Шамсиддин Қосимов (КМВА)

🔝 Беҳтарин довар:
✔️ Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе)
✔️ Гулмуроди Саъдулло (Душанбе)
✔️ Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе)

🔝 Беҳтарин дарвозабон:
✔️ Рустам Ятимов («Истиқлол») 
✔️ Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»)
✔️ Куайе Годсон («Хатлон»)

🔝 Беҳтарин ҳимоятгар:
✔️ Комрони Мирзохон («Равшан»-и Кӯлоб) 
✔️ Аҳтам Назаров («Истиқлол») 
✔️ Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»)

🔝 Беҳтарин нимҳимоятгар:
✔️ Эҳсон Бобоев («Хуҷанд») 
✔️ Идрис Амину («Истиқлол») 
✔️ Тоҳирҷон Тағойзода («Хатлон»)

🔝 Беҳтарин ҳамлагар:
✔️ Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»)
✔️ Абдухалил Боронов («Равшан»-и Кӯлоб)
✔️ Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»)

🔝 Беҳтарин легионере, ки дар чемпионати Тоҷикистон бозӣ мекунад: 
✔️ Идрис Амину («Истиқлол»)
✔️ Самуэл Офори («Равшан»-и Кӯлоб) 
✔️ Куайе Годсон («Хатлон»)

🔝 Беҳтарин мураббӣ: 
✔️ Алишер Тӯхтаев («Истиқлол»)
✔️ Зайниддин Раҳимов («Равшан»-и Кӯлоб)
✔️ Рустам Хоҷаев («Хуҷанд») 

🔝 Беҳтарин бозигар:
✔️ Рустам Ятимов («Истиқлол»)
✔️ Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»)
✔️ Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»)

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив