LIVE

Беҳтаринҳои Лигаи футболи Тоҷикистон дар соли 2021 киҳоянд?

24-уми декабр дар маҷмааи “Кохи Суруш”-и шаҳри Душанбе маросими супоридани ҷоизаҳои беҳтаринҳои Лигаи футболи Тоҷикистон дар соли 2021 баргузор шуда, бар асоси натиҷаҳои соли гузашта барандагони ҷоизаҳои инфиродӣ эълон хоҳанд шуд. Оғози чорабинӣ соати 10:00 дар назар аст. Дар ин маросим ғолибон аз рӯи сездаҳ номинатсия муайян карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки исми беҳтарин бозигари сол дар Чемпионати Тоҷикистон ва беҳтарин бозигари тоҷик, ки дар хориҷ  бозӣ мекунад, дар маросими тантанавии ҷамъбастии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки рӯзи шанбеи 25 декабр дар «Кохи Парфенон» пойтахт баргузор мешавад, эълон хоҳад шуд.
Рӯйхати номзадҳо ба ҷоизаҳои инфиродии Лигаи футболи Тоҷикистон дар соли 2021:
Беҳтарин бозигари Лигаи якум:
Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»)
Далер Шарипов («Пахтакор»)
Бахтиёр Зарипов («Равшан», Зафаробод)
Беҳтарин мураббии Лигаи якум:
Ҳикмат Фузайлов («Регар-ТадАЗ»)
Раҳматулло Фузайлов («Равшан», Зафаробод)
Қаноат Латипов («Ҳулбук»)
Беҳтарин бозигари Чемпионати Тоҷикистон байни ҷавонон:
Аминҷон Алиаҳмадов («Равшан»)
Дилшод Ҷумаҳмадов («Истиқлол»)
Ансорӣ Ҳасанзода («Хатлон»)
Беҳтарин мураббии чемпионати Тоҷикистон байни ҷавонон:
Юсуф Рабиев («Истиқлол»)
Баҳодур Маҳмадов («Равшан»)
Шарифҷон Зиёев («Хуҷанд»)
Беҳтарин довар:
Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе)
Насрулло Кабиров (Норак)
Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе)
Беҳтарин дарвозабон:
Алексей Матросов («Хуҷанд»)
Роҳат Ҷапаров (КМВА)
Қурбоналӣ Бобоев («Истаравшан»)
Беҳтарин дифоъгар:
Зоир Ҷӯрабоев («Истиқлол»)
Манучеҳр Сафаров («Истиқлол»)
Ваҳдат Ҳанонов («Истиқлол»)
Беҳтарин ниммуҳофизатгар:
Алишер Ҷалилов («Истиқлол»)
Фатҳулло Фатҳуллоев (КМВА)
Далер Ёдгоров («Хуҷанд»)
Беҳтарин ҳамлавар:
Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»)
Дилшод Бозоров («Хуҷанд»)
Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»)
Беҳтарин легионере, ки дар Чемпионати Тоҷикистон бозӣ мекунад:
Алексей Ларин («Истиқлол»)
Артём Сердюк («Хуҷанд»)
Самандар Очилов («Хуҷанд»)
Беҳтарин мураббӣ:
Виталий Левченко («Истиқлол»)
Рустам Хоҷаев («Хуҷанд»)
Амин Субҳонӣ (КМВА)

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив