LIVE

Лигаи футболи Тоҷикистон беҳтаринҳои моҳи июлро эълон кард

Лигаи футболи Тоҷикистон беҳтаринҳои моҳи июлро ҷамъбаст карда, беҳтарин бозигар ва беҳтарин мураббии чемпионати кишвар байни дастаҳои Лигаи якумро эълон кард.
Ҳамлагари 17-солаи “Динамо”-и Душанбе Абдулфаттоҳ Худойдодзода беҳтарин бозигари моҳ дониста шуд. Ва Беҳтарин мураббии моҳи июл сармураббии дастаи «Ҳулбук» -и Восеъ Қаноат Латипов гардид.
Ғолибони моҳи июл бо диплом ва мукофотҳои пулии Лигаи футболи Тоҷикистон сарфароз хоҳанд шуд. Бозигари беҳтарин ва мураббии беҳтарини моҳ 2 ҳазор сомонӣ хоҳад гирифт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив