LIVE

Беҳтаринҳои моҳи апрел дар Лигаи олӣ муайян шуданд

Лигаи футболи Тоҷикистон натиҷаҳои моҳи апрелро ҷамъбаст намуда, беҳтарин бозигар ва мураббии моҳи  апрелро дар чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян кард.
Ҳар моҳ ҳайати доварони салоҳиятдори Лигаи футболи Тоҷикистон  беҳтарин бозигар ва мураббии моҳро дар чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои лигаи олиро муайян мекунад, ки  беҳтаринҳо бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Ҳамлагари тими “Куктош”  Азизбек Султонов, ки дар ду бозии чемпионат беҳтарин бозигар шинохта шуд, дар моҳи апрел беҳтарин бозигари  Лигаи футболи Тоҷикистон  шинохта шуд. Капитани "Куктош" моҳи гузашта ду гол ба самар расонд. Беҳтарин мураббии  моҳи апрел сармураббии тими  “Файзканд”  Тоҳир Муъминов гардид. Дастаи Тоҳир Муъминов дар моҳи апрел  чор бозӣ гузаронида, ду ғалаба  ду  мусовӣ кардааст.
Пеш аз оғози бозиҳои даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон-2021 дар байни дастаҳои Лигаи олӣ ба лауреатҳои моҳи апрел мукофотҳои пулӣ - ҳар кадоме 3 ҳазор сомонӣ супорида мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив