LIVE

Игор Черевченко беҳтарин мураббии моҳ дар Премйер-Лигаи Россия

Натиҷаҳои овоздиҳӣ барои муайян кардани беҳтарин мураббии моҳи декабр дар ПЛР маълум шуданд. Дар натиҷа мутахассиси тоҷик - Игор Черевченко, ки ба ҳайси сармураббии дастаи «Химки» фаъолият мекунад, унвони беҳтарин мураббии моҳи декабрро дар Премйер-Лигаи Россия соҳиб шуд. 
     Коршиносони ПЛР, MATCH PRIME ва мухлисон мутахассиси 46-соли тоҷикро интихоб карданд. Дар моҳи декабр «Химки» 3 бозӣ доир намудааст. Шогирдони Игор Черевченко дар моҳи ҷорӣ бо дастаҳои ССКА (2:2), «Арсенал» (1:0) ва «Локомотив» (3:2) рақобат намуда, дар як дидор мусовӣ ва дар ду рақобати дигар пирӯз шудаанд.
Дар ҳоли ҳозир дастаи «Химки» бо дарёфти 25 хол дар зинаи 11-уми ҷадвали ПЛР қарор дорад. Хотиррасон мекунем, ки дар моҳи ноябр низ Игор Черевченко беҳтарин мураббии моҳ эълон шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив