LIVE

5-умин пирӯзии пайиҳами дастаи Черевченко дар ПЛР

Дар Химки бозии аввали даври 18-уми Чемпионати Россия баргузор шуд. Дар ин бозӣ бошгоҳи “Химки” футболбозони дастаи “Арсенал”-и Туларо қабул намуда, бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст доданд. Ягона голи вохӯриро  Иля Кухарчук дар дақиқаи 12-уми бозӣ ба самар расонид. Пас аз ин футболбозони “Арсенал” ҳарчанд, ки 15 маротиба ҳуҷумҳои хатарнок дар назди дарвозаи соҳибони майдон созмон доданд, аммо аз бохт раҳо наёфтанд. Ҳамин тариқ силсилапирӯзиҳои дастаи “Химки” дар ПЛР ба 5 адад расид. Феълан шогирдони Игор Черевченко бо дарёфти 22 имтиёз дар зинаи 11-уми ҷадвали умумӣ мавқеъ гирифтаанд. "Арсенал" бошад, дар ҷойи 13-ум қарор дорад. Дар даври навбатӣ дастаи “Химки” тими “Локомотив”-ро қабул мекунад. “Арсенал” бошад, дар сафар бо “Ротор” қувва меозмояд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив