LIVE

"Фрайбург" аз “Боруссия" интиқом гирифт

Дар Фрайбург даври 30-юми Чемпионати Олмон оид ба футбол оғоз гардид. Дар ин вохӯрӣ футболбозони «Фрайбург» дар майдони худ тими “Боруссия Мёнхенгладбах”-ро қабул карданд. Бозии дастаҳо пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди соҳибони майдон хотима ёфт. Ягона голи пирӯзиовари вохӯриро Нилс Пе́терсен дар дақиқаи 58-ум ба ҳадаф расонид. Футболбозони дастаи «Боруссия» М пас аз вайрон кардани қоидаи бозӣ дар дақиқаи 67-ум аз ҷониби Алассан Плеа, ки ду корди зард гирифт, 10 нафара рақобатро идома доданд ва дигар ба задани гол мушарраф нашуданд. Ҳамин тариқ дастаи «Фрайбург» баъди ин пирӯзӣ имтиёзҳои худро дар ҷадвали Бундеслига ба 41 адад расонид ва дар зинаи 8-ум қарор гирифт. “Боруссия” М бошад, бо касби 56 имтиёз дар зинаи 4-ум мавқеъ дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив