LIVE

Ҷадвали Чемпионати Олмон тасдиқ шуд

Сомонаи расмии Лигаи футболи Олмон (DFL) ҷадвали нӯҳ даври боқимондаро нашр кардааст. Тибқи ҷадвали мазкур Чемпионати Олмон рӯзи 16-уми май аз бозиҳои даври 26-ум дубора эҳё хоҳад шуд. Хотиррасон мекунем, ки баъд аз анҷоми бозиҳои даври 25-ум рӯзи 8-уми март бо сабаби хуруҷи коронавирус дар ин кишвар баргузории рақобатҳо манъ карда шуданд. Як бозии мавқуфмондаи даври 25-ум миёни тимҳои "Вердер Бремен" ва "Айнтрахт" 2-юм ё 3-юми июн баргузор мешавад.

Чемпионати ОлмонМасими-2019/2020. Даври 26-ум
16-уми май
Боруссия Д — Шалке-04 
РБ Лейптсиг — Фрайбург
Хоффенхайм — Герта
Фортуна — Падерборн
Аугсбург — Волфсбург
Айнтрахт — Боруссия М
17-уми май
Кёлн — Майнтс
Унион — Бавария

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив