LIVE

Дастпарвари футболи тоҷик аз мақоми сармураббии «Арсенал» канор рафт

Игор Черевченко аз вазифаи сармураббии дастаи «Арсенал»-и Россия озод карда шуд. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи вилояти Тула хабар додааст. 
Баъд аз анҷоми бозиҳои даври 25-уми чемпионати Россия оид ба футбол, ки дастаи «Арсенал» аз тими «Аҳмат» (1:3)  шикаст хурд, роҳбарияти клуб  истеъфои сармураббии худ Игор Черевченкоро қабул намуданд. 
Тавре гуфта мешавад, роҳбарияти даста феълан бо сармураббии собиқи тими«Локомотив» - Юри Сёмин гуфтушӯнид анҷом медиҳанд ва дар назар аст, ки собиқ сармураббии дастаи овозадори “Помир”-и Душанбе ҷойгузини Черевченко дар дастаи «Арсенал» гардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив