LIVE

Драмаи футбол дар Самара ва ғалабаи Черевченко (АКС)

Дастаи "Арсенал" Тула дар даври 2-юми Премер Лигаи Русия "Криля Советов"-ро дар сафар шикаст дод. Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи "Самара" ҷолибу диданӣ сурат гирифта, мухлисон шоҳиди 5 гол шуданд. Ин дидори ҳасос ва дуюми дастаи "Арсенал", ки онро мутахассиси тоҷик Игор Черевченко роҳбарӣ мекунад, бо пирӯзии 3:2 ҷамъбаст шуд. Ин ғалаба бо голҳои задаи Сергей Ткачев (22), Эванс Кангва (24) ва Александр Тудорие (56) ба даст омад. Бошгоҳи "Арсенал" баъди ду даври мусобиқа бо 4 имтиёз пас аз "Зенит" дар зинаи сеюм аст. Дар даври аввал тарбиятгирандагони Игор Черевченко дар вохӯрӣ бо дастаи "Динамо" як имтиёз ба даст оварда буданд. Бозии навбатии  "Арсенал" бо "Ростов" дар майдони худ сурат мегирад.

 
P.S Аксҳо аз сомонаи расмии КФ "Арсенал" (www.arsenaltula.ru)  истифода шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив