LIVE

Игор Черевченко ҷойи кори нав пайдо кард

Фардо сармураббии собиқи “Арсенал”-и Тула Игор Черевченко бояд бо тими футболи “Химки” шартнома бандад. Ӯ дар ин вазифа Дмитрий Гункоро, ки аз мақомаш барканор гардид,  иваз мекунад. Охирин дастаи Черевченко “Арсенал” буд, ки имсол ин вазифаро тарк кард. Дар давоми фаъолияти мураббигӣ ӯ инчунин дар дастаҳои “Балтика” ва “Локомотив” низ кор кардааст. "Химки" дар 8 бозӣ ду хол ба даст оварда, дар ҷадвали Премйер-Лигаи Русия мақоми 15-умро ишғол мекунад.  Баъд аз “Химки” танҳо "Ротор" ҷойгир аст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив