LIVE

Финали Ҷоми Тоҷикистон кай доир мешавад?

Дастаҳои  «Истиқлол» ва «Хуҷанд» дар бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2021 ба ҳам меоянд. Ин вохӯрӣ рӯзи 9 декабр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд  соати 13:00 баргузор мешавад.

Қаблан дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон «Истиқлол» ва «Хуҷанд» ду бор вохӯрдаанд. Соли 2010 душанбегиҳо бо раҳбарии Алимҷон Рафиков (5:0) ва соли 2017 "Хуҷанд"  бо раҳбарии Рустам Хоҷаев (2:0) пирӯз шуда буданд.

«Истиқлол» дар таърихи  худ 8 маротиба – солҳои 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019 барандаи Ҷоми кишвар шудааст. «Хуҷанд» чаҳор маротиба – солҳои 1997/1998, 2002, 2008 ва 2017 ҷоми кишварро ба даст овардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив