LIVE

“Гулистон” барандаи Ҷоми вилояти Суғд гардид

Санаи 3-юми август дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми сайёрӣ вилоят-2021 доир гардид.
Дар ин набарди охирон дастаи “Гулистон” бо  “Зарафшон” вохӯрданд, бозӣ бо ҳисоби 5:3 ба фоидаи футболбозони шаҳри Гулистон хотима ёфт ва бори аввал ин даста соҳиби Ҷоми вилоят гардид.
Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми вилоят аз соли 2001 инчониб мунтазам гузаронида мешавад ва дастаи “Эсхата” аз ҳама бештар нуҳ маротиба соҳиби Ҷом гаштааст, (2001, 2003, 2004, 2011, 2012, 2013, 2014, 2015, 2016).
Дастаи “Истаравшан” ду маротиба Ҷомро аз худ кардааст, (2010, 2017),  дастаи “Сомонком” низ солҳои (2008, 2009) соҳиби Ҷом гаштааст.
Инчунин дастаҳои зерин як маротибагӣ соҳиби Ҷоми вилоят гардидаанд, КФ “Авиатор” (2002), дастаи ШМБМТ дар шаҳри Хуҷанд “Рахш” (2005), дастаи “Андоз-Суғд” (2006), КФ “Зарбдор” ш.Исфара (2007), КФ “Спитамен” (2018), КФ “Мастчоҳ” (2019), КФ “Ашт” (2020).
“ГУЛИСТОН” (Гулистон)  –“ЗАРАФШОН” (Ҷ.Расулов) 5:3

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив