LIVE

Ҷавондухтарони Мастчоҳ ғолиби мусобиқаи минтақавӣ гардиданд

Дар доираи бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон байни ҷавондухтарон (U-17,U-15) дар минтақаи Суғд  голибон муайян гардиданд.
Дар гуруҳӣ то 17 солаҳо дастаи "Навбаҳор"-и н.Мастчоҳ бо 18 имтиёз ғолиби минтақавӣ гардида ба даври ниҳоӣ ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Инчунин дастаи "Ҷавонӣ" аз н.Ҷ.Расулов соҳиби ҷои дуюм гашта, роҳхат гирифт.
Инчунин футболбозони навраси ноҳияи Мастчоҳ дар гуруҳи то 15 солаҳо низ ғолиби ин бозиҳо гаштанд ва иштироки худро дар даври ниҳоӣ тасдиқ намуданд, барои роҳхати дуюм дастаҳои "Ҷавонӣ" ва "Спитамен" имконият доранд.
Бозиҳои марҳилаи ниҳои дар назар аст  бо иштироки голибон аз минтақаҳои дигар моҳи август дар шаҳри Гулистон доир мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив