LIVE

Рӯзи 15-уми феврал “Равшан” ва “Истиқлол” дар Ҷоми ФФТ бозӣ мекунанд

Дар қароргоҳи ФФТ маросими қуръакашии даври ниҳоии Ҷоми ФФТ баргузор шуд. Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа, ки аз 11 то 20 феврал баргузор мешавад, 7 даста бо шумули тимҳои “Истиқлол”,  КМВА, “Барқчӣ” ва “Регар Тадаз” аз минтақаи Душанбе, “Хатлон” ва “Равашан” аз вилоятӣ Хатлон, дастаҳои “Мастчоҳ” ва “Эсхата-2” аз минтақаи Суғд  ғолибон ва беҳтарин дастаҳои марҳилаҳои  минтақавӣ ширкат меварзанд. Ба гурӯҳи А дастаҳои “Истиқлол”, КМВА, “Мастчоҳ” ва “Равшан” шомил мебошанд. Дастаҳои “Регар Тадаз”, “Барқчӣ”, “Эсхата-2” ва “Хатлон” шомили зергурӯҳи Б гардидаанд. Бозиҳои марҳилаи  гурӯҳии Ҷоми ФФТ рӯзҳои 11-ум, 13-ум ва 15-уми моҳи ҷорӣ баргузор мегардаданд. Инчун дар ин маросим, дастаҳо либосҳои варзишии худро низ барои рақобатҳо муайян намуданд. Бозиҳо дар Душанбе ва Ҳисор баргузор мешаванд. Ба иттилои намояндаи Лигаи футболи Тоҷикистон  пас аз тақрибан як сол дари варзишгоҳҳо ба рӯи мухлисон дубора боз мешавад.   Акунун мухлисони футболи тоҷик метавонанд  дар Ҷоми ФФТ аз наздик дастаи дустдоштаи хешро ҳаводори намоянд. Ёдовар мешавем, ки дастаи “Эсхата-2” баъд аз маросими қуръакашӣ аз иштирок дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа даст кашид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив