LIVE

Бозиҳои Ҷоми ФФТ ба таъхир гузошта шуданд

 БАРФРЕЗ ДАР ТАҚВИМИ БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ПЕШАКИИ ҶОМИ ФФТ-2021 ДАР МИНТАҚАИ ДУШАНБЕ ТАҒЙИРОТ ВОРИД НАМУД
 Лигаи футболи Тоҷикистон вобаста ба барфрези рӯзҳои ахир дар тақвими бозиҳои марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ-2021 дар минтақаи Душанбе тағйирот ворид намуд. Ба ин тартиб бозиҳои марҳилаи мазкур дар минтақаи Душанбе аз рӯзи душанбеи 25 январ шурӯъ хоҳанд шуд. Дар минтақаи Душанбе, ки чор дастаи лигаи олӣ ва панҷ намояндаи дивизиони якум ширкат меварзанд, дастаҳои аз рӯи натиҷаи қуръакашии «нобиноёна» ба ду гурӯҳ тақсим карда шуданд. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои “Локомотив-Помир”, “Регар-ТадАЗ”, “Кӯктош”, КМВА ва “Шоҳмансур” шомиланд. Гурӯҳи “В” аз дастаҳои “Душанбе-83”, “Ваҳдат”, “Истиқлол” ва “Барқчӣ” иборат аст. Дар минтақаи Душанбе бозиҳои гурӯҳӣ аз рӯи низоми даврӣ дар як қисм баргузор мешаванд. Аз рӯи натиҷаҳои даври гурӯҳӣ, ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба финали Ҷоми Федератсия-2021, ки моҳи феврал дар Душанбе баргузор мешавад, роҳ меёбанд. Ёдрас мешавем, ки бо қарори Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамаи дастаҳо аз аъзоҳақӣ барои иштирок дар Ҷоми ФФТ-2021 озод карда шуданд. Тамоми хароҷоти ташкили мусобиқаро Лигаи футболи Тоҷикистон бар дӯш мегирад. Ҷоми ФФТ-2021 Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Душанбе Гурӯҳи «А»: «Локомотив-Помир», «Регар-ТадАЗ», «Кӯктош», КМВА, «Шоҳмансур». Гурӯҳи «Б»: «Душанбе-83», «Ваҳдат», «Истиқлол», «Барқчӣ». Даври 1-ум 25 январ (душанбе) 10:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Шоҳмансур». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ 10:30 – «Душанбе-83» – «Барқчӣ». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ 14:00 – «Кӯктош» – КМВА. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ 14:00 – «Ваҳдат» – «Истиқлол». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ Даври 2-юм 28 январ (панҷшанбе) 10:30 – «Шоҳмансур» – «Кӯктош». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ 10:30 – «Барқчӣ» – «Истиқлол». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ 14:00 – «Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ 14:00 – «Душанбе-83» – «Ваҳдат». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ Даври 3-юм 30 январ (шанбе) 10:30 – «Кӯктош» – «Локомотив-Помир». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ 10:30 – «Ваҳдат» – «Барқчӣ». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ 14:00 – КМВА – «Шоҳмансур». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ 14:00 – «Истиқлол» – «Душанбе-83». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ Даври 4-ум 1 феврал (душанбе) 10:30 – «Локомотив-Помир» – КМВА. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ 14:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Куктош». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ Даври 5-ум 4 феврал (панҷшанбе) 10:30 – КМВА – «Регар-ТадАЗ». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ 14:00 – «Шоҳмансур» – «Локомотив-Помир». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив