LIVE

12 дастаи дигар ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2020 роҳ ёфт


   Бозиҳои интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни футболбозони ҷавони 19 сола дар 9-гуруҳ ҷамъбаст гардид. Тибқи натиҷагирӣ ғайр мизбони мусобиқа Ӯзбекистон ва дастаи ҷавонони Тоҷикистон, ки барвақт ба ин марҳила роҳ ёфта буд, 12 тими дигари иштирокчии марҳилаи ниҳоӣ муайян гардид. Тибқи низомномаи мусобиқа ғолиби 11 гуруҳ ва 5 дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2020 роҳ меёбанд. Ҳоло ду роҳхати дигар соҳибони худро дар бозиҳои интихобӣ пайдо накардааст, зеро вохӯриҳо дар гуруҳи "А" 22 ноябр бо иштироки Ироқ, Уммон, Фаластин, Қувайт ва Покистон доир мегарданд. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон ҳанӯз 6-уми октябр баъди анҷоми рақобатҳои гуруҳи "С" бо зинаи аввал як роҳхатро ба даст оварда буд. 
Ҳамин тариқ чунин дастаҳо аз гуруҳҳои хеш ба даври дигар роҳ ёфтанд. 

Гуруҳи "В" 
Қатар -ғолиби гуруҳ 
Яман- ҷойи дуюм 


Гуруҳи "D"
Эрон - ғолиби гуруҳ 

Гуруҳи "E"
Баҳрайн - ғолиби гуруҳ 

Гуруҳи "F"
Арабистон Саудӣ - ғолиби гуруҳ 
Ӯзбекистон -ҷойи дуюм (дар сурати нагирифтани ҷой ҳам иштирокчӣ буд)


Гуруҳи "G"
Малайзия - ғолиби гуруҳ 
Камбоҷа - ҷойи дуюм (ҳоло роҳ наёфтаст)

Гуруҳи "H"
Австралия -ғолиби гуруҳ 
Лаос- ҷойи дуюм 

Гуруҳи "J"
Кореяи Ҷанубӣ - ғолиби гуруҳ 

Гуруҳи "J"
Ҷопон - ғолиби гуруҳ 
Ветнам - ҷойи дуюм 

Гуруҳи "К"
Индонезия- ғолиби гуруҳ 



Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив