LIVE

Аввалин тағйири сармураббӣ дар Лигаи олӣ

Мураббии таҷрибадори тоҷик - Маҳмадҷон Ҳабибуллоев сармураббии дастаи “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом Раҳматулло Фузайловро иваз кард.  Ҳабибуллоеви 55 сола аз соли 2001 то 2013 дар бошгоҳи “Регар ТадАЗ” фаъолият намуда, шаш карат чемпиони Тоҷикистон (солҳои 2001, 2002, 2003, 2004, 2006, 2007, 2008), се карат барандаи Ҷоми Президенти КФО (2005, 2008, 2009) ва Ҷоми Тоҷикистон (2001, 2005, 2006) шудааст. Мавсуф соли 2014 дар вазифаи сармураббии “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан фаъолият намуда, дар соли нахуст дастаро ба зинаи сеюми ҷадвал баровард. Соли 2015 ба вазифаи сармураббии дастаи “Ҳосилот” даъват шуд ва тими мазкурро аз Лигаи якум ба Лигаи олӣ бароварда, дар соли аввали ҳунарнамоӣ дастаи ӯ барандаи медали нуқраи мусобиқа шуд. 
Ӯ як муддат соли 2007 дар тими миллии Тоҷикистон ба ҳайси сармураббӣ кор карда буд.  Фаъолияти Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар дастаи нав аллакай дар вохӯрӣ бо “Файзканд” шуруъ мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив