LIVE

Юрий Семин аз «Локомотив» рафт

Мутахассиси маъруфи Федератсияи Россия - Юрий Семин вазифаи сурмураббии дастаи «Локомотив»-и шаҳри Маскавро тарк намуд. Дирӯз ҷаласаи шӯрои директорони даста баргузор гардид, ки дар он ба хулосае омаданд, ки бо мутахассиси 73 сола шартномаи ҳамкориро тамдид накунанд ва ба ҷои ӯ бо мураббии сербиягӣ - Марко Николич қарордод баста шуд.  
«Шӯрои мудирон ва  менеҷменти клуб ба  Юрий Семин барои заҳматҳои бисёрсолааш миннатдории бепоёни худро изҳор доштанд. Тамоми ғалабаҳои бузургу таърихии даста бо исми ӯ вобастагӣ дорад. Юрий Семин барои ҳамеша дар қалби мухлисони дастаи „Локомотив“ боқӣ мемонад, омадааст дар сомонаи расмии даста.
Юрий Семин вазифаи сармураббии дастаи «Локомотив»-ро дар соли 1986 то 2005, аз соли 2009 то 2010 ва охирон маротиба соли  2016 то ба ҳол иҷро намудааст. Зери роҳбарии ӯ «Локомотив» се маротиба чемпиони Россия, шаш маротиба барандаи Ҷоми Россия ва се бори дигар бошад, Суперҷоми кишварашро ба даст овардааст. Дар мавсими ҷорӣ «Локомотив» зинаи дуюми ҷадвали умумии Чемпионатро ишғол мекунад. 
Мавсими солҳои  2005-2006 Семин ҳамчунин сармураббии мунтахаби Россия оид ба футбол буд.
Ёдовар мешавем, ки Юрий Семин дар солҳои 1983—1985 сармураббии дастаи овозадори "Помир"-и Душанбе низ буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив