LIVE

Валверде аз «Барселона» рафт

«Барселона» Эрнесто Валвердеро аз мақоми сармураббигии даста озод кард. Ин хабарро сомонаи расмии бошгоҳи каталонӣ нашр кардааст. Мутахассиси мазкур баъд аз мулоқот бо президенти “Барса” Жозеп Бартомеу ва директору дигар роҳбарияти даста аз мақомаш ба истеъфо равона карда шуд.  
“Бошгоҳ миннатдории худро ба Эрнесто Валверде  барои заҳматҳои кашидаву корҳои анҷомдодааш баён намуда,  дар корҳои минбаъдааш барор хоҳан аст, омадааст дар баёния”.
Валверде ба «Барселона» соли 2017  даъват шуд ва даста зери роҳбарии ӯ ду маротиба чемпиони Испания ва барандаи Суперҷом ва Ҷоми Испания гардидааст.  “Барселона” таҳти тамринҳои ин мутахассиси 55 сола, 163 бозӣ анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив