LIVE

Санаи рафтани Валверде аз «Барселона» маълум шуд

Тибқи иттилои ВАО-и испанӣ сармураббии дастаи «Барселона» Эрнесто Валверде дар баробари анҷоми мавсими ҷорӣ аз мақомаш истеъфо медиҳад. 
Роҳбарияти клуб ба чунин хулоса омодааст, ки бо Валверде ҳамкории худро моҳи июн расман ба анҷом расонад. Валверде тобистони соли 2017 ба мақоми сармураббии «Барселона» интихоб шуд. Зери роҳбарии ӯ даста чаҳор ҷойза ба даст овард. Ду маротиба ғолиби Ла Лига, барандаи Ҷом ва Суперҷоми Испания гаштааст. Қарордоди мутахассиси 55 сола бо тими каталонӣ, то тобистони соли ҷорӣ эътибор дорад. Қаблан ӯ дастаҳои «Атлетик», «Эспанйол», «Олимпиакос», «Вилярреал» ва «Валенсия»-ро низ тамрин додааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив