LIVE

Натиҷаи бозиҳои даври 17-уми Лигаи олӣ

Се рӯзи гузашта бозиҳои даври ҳабдаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

8-уми октябр мо шоҳиди ду вохӯрӣ шудем. Дар ин рӯз бозии дастаҳои “Регар-ТадАЗ” – КМВА мусовӣ (1:1) анҷом ёфта, “Хатлон” бар тими “Истаравшан” бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.

Ду бозии дигари давр рӯзи 9-уми октябр доир гардид. “Эсхата”, ки дар аввали ҳафта дар бозии мавқуфмондаи даври чорум бо “Истиқлол” мусовӣ бозӣ кард, дар доираи бозиҳои даври 17 дар сафар дастаи “Файзканд”-ро шикаст дод – 1:3. Бозингари “Эсхата” Санҷар Рисхибоев дар дақиқаи 23 ҳисобро кушод, ҳамдастаҳояш Рустам Сабуров дар дақиқаи 42 ва Ойбек Абдуғаффоров дар дақиқаи 72 ду голи дигар заданд. Ба се голи бонкчиҳо “Файзканд” тавассути Доробҷон Эргашев дар дақиқаи 81 бо як гол ҷавоб дод.

Дар бозии дигар “Равшан”-и Зафаробод бар тими “Хуҷанд” пирӯз шуд – 2:1. Ҷаҳонгир Эргашев ба фоидаи “Хуҷанд” дар охири нимаи аввали бозӣ гол зад, вале футболбози “Равшан” Ҷаҳонгир Қурбонбоев дар нимаи дуюм ду гол зада, ғалабаи дастаашро таъмин намуд.

10-уми окятбр “Истиқлол” бо тими “Равшан”-и Кӯлоб вохурда, бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Гонсале Ритакко ва Владислав Касминин муаалифи голҳо гардиданд.

Пас аз натиҷагирии 17 даври бозиҳо “Истиқлол” бо 35 хол дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Ду дастаи вилояти Хатлон – “Хатлон” ва “Равшан” бо 27-холӣ дар сегонаи аввал мавқеъ доранд.

Бозиҳои даври 18-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 21-23 октябр ба нақша гирифта шудааст. Рӯзи аввал “Равшан” (Зафаробод) бо “Регар-ТадАЗ”, рӯзи дуюм “Хуҷанд” бо “Эсхата”, “Равшан” (Кӯлоб) бо “Хатлон” ва рӯзи сеюм “Истаравшан” бо “Файзканд”, КМВА бо “Истиқлол” вомехуранд.

Вале қабл аз ин, 15-уми октябр бозиҳои ҷавобии даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2022 баргузор мешавад. “Эсхата” бо “Истиқлол”, “Куктош” бо “Хатлон” барои ба финал баромадан бозӣ мекунанд. Дар бозиҳои аввали даври нимфинал “Истиқлол” бар “Эсхата” ғалаба (1:0) карда, “Хатлон” ва “Куктош” мусовӣ (0:0) бозӣ карданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив