LIVE

Голи Сон Хин Мин “Тоттенхэм”-ро аз нокомӣ наҷот дод

Дар доираи бозиҳои даври 33-юми чемпионати Англия  дастаҳои “Тоттенхэм” ва “Манчестер Юнайтед”  ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Тоттенхэм Хотспур”-и шаҳри Лондон дар ҳузури 6 586 нафар мухлис  доир шуда, бо ҳисоби мусовии 2 бар 2 анҷом ёфт.
Голҳоро дар  ин вохӯрӣ Порро,  Сон,  Санчо ва  Рашфорд ба самар расониданд.  

Дастпарварони Эрик тен Ҳаг  бо ин  мусовӣ  ҳоло дар ҷадвали мусобиқот бо 60 имтиёз ва ду бозии захиравӣ дар ҷои 4-ум маскан гирифтаанд. “Тоттенхэм” бо 54 имтиёз дар зинаи 5-ум ҷойгир аст. “Арсенал” бо 75 имтиёз пешсафи ҷадвали мусобиқот мебошад.  Дастаҳои “Лестер Сити”, “Эвертон” ва “Саутгемптон” дар таҳхонаи ҷадвали мусобиқот ҷойгиранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив