LIVE

«МЮ» аз нокомӣ худро раҳо кард

Дар бозии даври 30-юми Премйер-лигаи Англя  дастаҳои «Тоттенхэм Хотспур» ва «Манчестер Юнайтед» байни ҳам дидор анҷом доданд. Бозӣ дар Лондон сурат гирифта, бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хатм шуд.
Ҳамлагари «Тоттенхэм Хотспур» Стивен Бергвейн дар дақиқаи 27-уми дидор ҳисобро кушод. 
Дар дақиқаи 80-уми рақобат Пол Погбаро Эрика Дайер дар ҷаримагоҳ аз пой афтонид ва довар зарбаи ҷаримавӣ таъин кард. 
Бруну Фернандеш зарбаи ҷаримавии 11 метраро иҷро кард ва таносубро баробар сохт. Дар вақти иловагӣ довар бори дуюм ҷониби дарвозаи  «Тоттенхэм» пеналти гузоштан хост, аммо  VAR ин хулосаи доварро бекор кард. 
«Манчестер Юнайтед», дар зинаи панҷуми ҷадвали умумии чепионат қарор дорад «Тоттенхэм» бошад, мақоми 8-умро ишғол мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив